Леброн Ҷеймс ҳамаро ба ҳайрат гузошт

Леброн Ҷеймс ҳамаро ба ҳайрат гузошт

Форварди «Лос-Анҷелес Лейкерс» - Леброн Ҷеймс ба ҳайати рамзии беҳтарин баскетболбозони НБА маротибаи 16-ум дар корномаи варзишиаш дохил шуд, ки чунин натиҷа дар таърихи НБА бесобиқа унвон мешавад. Бо ин натиҷа Леброн Ҷеймс аз Карим Абдул-Ҷаббар, Коби Брайант ва Тим Данкан, ки ба ҳайати рамзӣ 15 борӣ шомил шуда буданд, пеш гузашт. Леброн ин мавсим яке аз муддаиёни асосӣ барои ба даст овардани ҷоизаи MVP ба шумор меравад.