«Лейкерс» дубора ба пайроҳаи пирӯзӣ қадам гузошт

«Лейкерс» дубора ба пайроҳаи пирӯзӣ қадам гузошт

Тими шоҳи баскетбол - Леброн Ҷеймс “Лейкерс” пас аз дуюмин пирӯзии пайдарҳамаш ба минтақаи сабзи ҷадвали бахши шарқӣ баромад.

Шоҳи баскетбол ва яке аз тимҳои серунвонтарини Ассотсиатсияи миллии баскетбол «Лейкерс» пас аз оғози начандон хуб ниҳоятан ба пайроҳаи пирӯзӣ қадам гузоштанд. Онҳо дар майдони “Стейплс Сентр” дастаи «Хюстон»-ро пазируфтанд. Мизбонон дар чоряки аввал ба 12 имтиёз бартарият даст ёфта, то ба охир ин бартариятро аз даст надоданд. Меҳмонон танҳо дар чоряки охир тавонистанд аз мизбонони рақобат 11 имтиёз бештар касб кунанд, аммо дар ниҳоят «Лейкерс» бо ҳисоби умумии 95:85 «Хюстон»-ро мағлуб намуд. Дар ин бозӣ Кармело Энтони аз «Лейкерс» ва Кристиан Вуд аз «Хюстон» дабл-дабл ба номашон сабт карданд.

Зимнан, пас аз ин пирӯзӣ “Лейкерс” ба минтақаи сабзи ҷадвали бахши ғарбии Ассотсиатсияи миллии баскетбол баромад, ки дар садри он “Голден Стейт”, “Юта” ва “Наггетс” қарор доранд.

НБА. Чемпионати мавсимӣ

«Лейкерс» — «Хюстон» — 95:85 (27:15, 27:20, 21:19, 20:31)