Либоси ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати “361°” таъмин мекунад

Либоси ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати “361°” таъмин мекунад

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи сарпарастӣ имзо карданд, ки дар асоси он Ширкат маҷмуи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистонро дар 33-юм Бозиҳои Олимпиада дар Парижи Фаронса омода ва таъмин мекунад. Дар ин бора КМОТ хабар додааст.

Созишномаро дар шаҳри Сиамени Чин ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва роҳбари Ширкати “361°” имзо карданд.

Ба иттилои Кумита, иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сарпарастон дар ҳаракати олимпии кишвар амалӣ гардид.

Зимни имзои созишнома, ҳамчунин, масъалаҳои тарҳи либоси варзишӣ, ки дар асоси рангҳои Парчами давлатӣ омода хоҳад шуд, андозаҳо, номгӯ ва дигар корҳои ташкилӣ баррасӣ шуданд.