"Ливерпул" бе мушкилӣ "Атлетико"-ро аз пеши роҳаш дур кард
Дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дастаи “Ливерпул” бо “Атлетико Мадрид” рақобат намуд. Бозии мазкур дар майдони “Энфилд” доир шуда, бо ҳисоби 2-0 бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид. Диего Жота ва Садио Мане аз паси голии Александр Арнолд голҳои “Ливерпул”-ро ба ҳадаф расониданд.
Муҳофизатгари дастаи “Атлетико” Фелипе Монтейро дар дақиқаи 36-ум пас аз қоидавайронкунӣ муқобили Садио Мане бо корти сурх ҷазо дода шуд. Баъд аз ин пирӯзӣ тими “Ливерпул” бо касби 12 имтиёз дар садри гурӯҳи “В” қарор дорад. Дастаи “Атлетико” бо 4 хол дар мавқеи сеюми гурӯҳи мазкур ҷойгир аст.
Лигаи Чемпионҳо. Даври 4-уми марҳилаи гурӯҳӣ.
“Ливерпул”-“Атлетико Мадрид” (2-0)
Голҳо: Диего Жота (дақ.13), Садио Мане (дақ.21)