«Ливерпул» рекорди таърихиро такрор кард

«Ливерпул» рекорди таърихиро такрор кард

«Ливерпул» дар бозии даври 4-уми Лигаи Чемпионҳо дар майдони худ «Атлетико»-ро бо натиҷаи (2:0) мағлуб намуд. Дастаи англисӣ силсилаи бозиҳои шикастнопазирии худро дар тамоми мусобиқаҳо то 25 бозӣ расонид ва рекорди клубро, ки аз моҳи март то сентябри соли 1982 гузошта шуда буд, такрор кард. Дар он замон «Ливерпул» 20 ғалаба ба даст оварда, панҷ маротиба мусовӣ карда буд. Дар ҳоли ҳозир шогирдони Юрген Клопп 18 ғалаба ва 7 мусовӣ доранд.