«Локомотив» бо душворӣ соҳиби имтиёз шуд

«Локомотив» бо душворӣ соҳиби имтиёз шуд

Дар бозии гурӯҳи “Е”-и Лигаи Аврупо дастаи “Марсел”-и Фаронса ба меҳмонии “Локомотив”-и Русия омад. Бозӣ дар майдони «РЖД Арена» доир гашта бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар қисми аввали сабқат бозигарон ба ғайр аз гирифтани чанд корти зард дигар кори хосеро анҷом надоданд. Қисми дуюми бозиро русҳо як нафар кам идома доданд, чунки довар ба нимҳимяотгари онҳо Тикнизян, ки қоидаи бозиро дар дохили ҷаримагоҳ вайрон намуд, корти зарди дуюмро нишон дода аз майдон ронд. Зарбаи пеналтиро бошад нимҳимоятгари турктабори дастаи “Марсел” Ҷенгиз Юндер бо боварӣ вориди дарвозаи Гилерме намуд. То дақиқаҳои охири бозӣ бозигарони дастаи фаронсавӣ 20 зарбаи мустақим ва ғайри мустақим ба самти дарвозаи “Локомотив” заданд ва 70 фисади бозиро онҳо идора менамуданд. Аммо дар дақиқаи 89-уми бозӣ нимҳимоятгари ҷавони англисии мизбонон Тино Анҷорин голзанӣ намуда, “Локомотив”-ро аз бохт наҷот дод.   

Лигаи Аврупо

Марҳилаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи “Е”

«Локомотив» — «Марсел» — 1:1 (0:0)

Голҳо: Ҷенгиз Юндер, 59 —пеналти (0:1). Анҷорин, 89 (1:1).