«Локомотив» заифии худро бори дигар нишон дод

«Локомотив» заифии худро бори дигар нишон дод

Дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дастаи «Локомотив» дар хонааш бо тими «Галатасарай» дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Москва баргузор шуда, бо натиҷаи минималии 1:0 ба фоидаи туркҳо хотима ёфт. Тақдири ин бозиро ягона голи задаи Карим Актюркоглу дар дақиқаи 82-юми бозӣ ҳал намуд. Баъди ин пирӯзӣ  «Галатасарай» соҳиби 7 имтиёз шуда, садрнишини ҷадвали гурӯҳи “Е” мебошад. «Локо» бо касби 1 хол дар зинаи охири ҷадвал мавқеъ гирифтааст.

Лигаи Аврупо

Гурӯҳи Е

Даври 3-юм

«Локомотив» (Русия) — «Галатасарай» (Туркия) — 0:1 (0:1)

Гол: Карим Актюркоглу, 82.