Лука Модрич мехоҳад як мавсими дигар дар «Реал» бимонад

Лука Модрич мехоҳад як мавсими дигар дар «Реал» бимонад

Нимҳимоягари «Реал» Лука Модрич оиди хоҳиши монданаш дар даста ба як соли дигар гуфт, иттилоъ медиҳад AS.

Мавсими ҷорӣ Модрич 38 бозӣ гузаронида, 2 гол зад ва 6 партофти голӣ ба номаш ихтисос дод.

Модрич ба сафи «Реал» аз «Тоттенхэм» моҳи августи соли 2012 бо арзиши 35 млн евро гузариш анҷом дода буд. Шартномаи бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2024 мебошад. Сомонаи Transfermarkt футболбози 38-соларо 8 млн евро нархгузорӣ кардааст.

Дар ҳайати «Реал» Модрич се маротиба қаҳрамони Испания, ду маротиба дорандаи Ҷоми Испания ва панҷ маротиба дорандаи Суперҷоми Испания шудааст. Дар арсаи байналмилалӣ бошад Лука панҷ маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо ва ҳамчунин чор маротиба дорандаи Суперҷоми УЕФА ва чор маротибаи дигар ғолиби чемпионати бошгоҳии ҷаҳон гардидааст.