Макони баргузории Ҷоми КФО-2021 бо иштироки дастаи «Равшан» маълум шуд

Макони  баргузории Ҷоми КФО-2021 бо иштироки дастаи «Равшан» маълум шуд

Конфедератсияи футболи Осиё макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е”-ро тасдиқ намуд, ки дар ин гурӯҳ барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб иштирок мекунад.

Рақобатҳо аз 14 то 20 май дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегардад. Рақибони дастаи “Равшан” - қаҳрамони Қирғизистон дастаи футболи “Дордой” ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон дастаи футболи “Аҳал” мебошанд.

Ҷоми КФО-2021. Минтақаи марказӣ.

Макон – Бишкек, Қирғизистон

Гурӯҳи «Е».

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон