Роналду дар ғалабаи "Ювентус" боз саҳми хешро гузошт...

Роналду дар ғалабаи "Ювентус" боз саҳми хешро гузошт...

Дар доираи бозиҳои даври 25-уми чемпионати Италия дастаҳои "Ювентус" ва "Спетсия" андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи " Аллианз Арена"-и шаҳри Турин баргузор гардид ва бо пирӯзии мизбонон ба итмом расид. Қисми аввали бозӣ, ки бисёр тезутунд ҷараён гирифт, лек бидуни гол ба охир расид. Дар қисми дуюми вохӯрӣ сармураббии бошгоҳи"Ювентус" Андре Пирло ду тағйирот дар ҳайати даста ворид кард. Ҳуҷумкунандаи испанӣ Алваро Мората пас аз як дақиқаи ба майдон баромадан бо ирсоли головари Бернардески ҳисоби бозиро кушод. Пас аз 11- дақиқа ба ҳамлавари 23- солаи бошгоҳи "Ювентус" Федерико Киеза муяссар гардид, ки ҳисоби бозиро дуболо кунад. Нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрии дастаҳо ҳуҷумкунандаи португалӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 89 гузошт. Ӯ аз ирсоли головари Бентанкур истифода бурда, тӯбро ба дарвозаи Проведел равона кард. Дар дақиқаҳои иловагии бозӣ ҳуҷумкунандаи дастаи "Спетсия" Андрей Галабинов натавонист, ки зарбаи пеналтиро ба гол табдил диҳад. Пас аз пирӯзӣ шогирдони Пирло бо касби 49 имтиёз ба зинаи 3- юми ҷадвали Серияи А баромаданд. Тими "Спетсия" бо доштани 25 имтиёз дар зинаи 16- уми ҷадвал маскан гирифт.

Чемпионати Италия (даври 25)

"Ювентус"- "Спетсия" 3:0 (0:0)

Голҳо: Мората 62', Киеза 71', Роналду 89'