Манбаъ: Юрген Клопп сармураббии нави «Барселона»
Роҳбарияти дастаи “Барселона” ният доранд, ки сар аз мавсим нав дар ҳайати даста коршиноси наверо бубинанд. Яке аз муддаиёни асосӣ ба симати сармураббии “нилунориҳо” ин сармураббии олмонии «Ливерпул» Юрген Клопп ба шумор меравад. То анҷоми мавсим дастаро Роналд Куман робарӣ мекунад ва аз оғози мавсим роҳбарии дастаро Юрген Клопп ба зимма мегирад.
Каталониҳо ният доранд, ки то мавсими оянда ду мавқеъро мустаҳкам кунанд: ҳамлагари марказӣ ва сармураббӣ. Барои даста, Хавии дастон ҳамеша муҳим хоҳад буд, аммо Юрген Клопп варианти асосӣ аст. Дар ҳоли ҳозир “Барселона” бо дарёфти 15 хол дар зинаи 9-уми ҷадвал қарор дорад.