Ширкати камонварони тоҷик дар «Ҷоми Томирис»

Ширкати  камонварони тоҷик дар «Ҷоми Томирис»

Рӯзҳои 27-29-уми октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ миёни занон бо номи “Ҷоми Томирис” баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ба ҷуз мизбонон, беш аз 50 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина ширкат хоҳанд кард. Ҷумҳурии моро 3 варзишгар - Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова бо роҳбарии мураббӣ - Марям Кантаева намояндагӣ мекунанд. Мусобиқа дар масофаи 70 метр ба таври инфиродӣ ва даставӣ сурат мегирад.