«Манчестер Сити» ба зинаи дуюм баромад

«Манчестер Сити» ба зинаи дуюм баромад

«Манчестер Сити» дар бозии даври 15-уми рақобатҳои Премйер – лигаи Англия бо тими «Бёрнли» майдондорӣ кард. Бозии тимҳо дар шаҳри Бёрнли доир шуда, бо ҳисоби бузурги 4:1 ба суди қаҳрамони феълии Англия хотима ёфт. Дар ин рақобат голҳои “шаҳриҳо”-ро Габриэл Жезус (дубл), Рияд Маҳрез ва Родри ба самар расониданд. Баъди ин муваффақият “Сити” аз “Лестер” пеш гузашта, зинаи дуюмро ба худ ихтиёр кард. Бозии навбатии шогирдони Гвардиола бо дастаи “Манчестер Юнайтед” дар назар аст.

Чемпионати Англия

Премйер-лига

Даври 15-ум

«Бёрнли» — «Манчестер Сити» — 1:4 (0:1)

Голҳо: Габриэл Жезус, 24 (0:1). Габриэл Жезус, 50 (0:2). Эрнандес, 68 (0:3). Маҳрез, 87 (0:4). Брэйди, 89 (1:4).