Номаи шодбошии Роналдиню ба Месси

Номаи шодбошии Роналдиню ба Месси

Собиқ футболбози дастони бошгоҳи “Барселона” – Роналдиню собиқ ҳамдастаи худ Лео Мессиро барои соҳиб шудани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-и шашумаш табрик намуд.

«Бародари азизам шуморо барои ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-и навбатиатон табрик менамоям. Бо иси таассуф аст, ки имрӯз ман натавонистам дар бари ту бошам. Боиси ифтихор аст, ки ин ҷоизаи бузурги футболиро дар дасти ту мебинам», — навиштааст Роналдиню дар саҳифаи «твиттер»-и худ.

Ин ҷоиза шашумин “Тӯби тиллоӣ”-и Мессии 32 сола ба ҳисоб меравад. Қаблан Лео дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 ба гирифтани “Тӯби тиллоӣ” даст ёфта буд.