«Манчестер Сити» пешсафи ҷадвали ПЛА
Дар бозии даври 10-уми Премйер-лигаи Англия бошгоҳи «Тоттенхэм Хотспур» дастаи «Манчестер Сити»-ро қабул намуд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи муҳташами «Уэмбли» сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1:0 ба нафъи “шаҳриҳо" анҷом ёфт. Ягона голи ин бозиро ниммуҳофизатгари алҷазоирии “МС” Маҳрез ба самар расонида, ба 4 пирӯзии пай дар пайи “Тоттенхэм” дар доираи бозиҳои ПЛА нуқта гузошт. Баъди ин муваффақият бошгоҳи “МС” бо касби 26 хол садрнишини ҷадвали ПЛА гардид. Дастаи “Тоттенхэм” бошад, бо дарёфти 21 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор дорад.
Чемпионати Англия. Премйер-лига
Даври 10-ум
"Тоттенхэм" - "Манчестер Сити" - 0:1 (0:1)
Гол: Маҳрез, 6.
"Тоттенхэм": Лйорис, Триппйер, Санчес, Алдервейрелд, Дэйвис, Сиссоко, Дайер (Уинкс, 67), Дембеле (Алли, 75), Ламела, Лукас (Эриксен, 81), Кейн.
"Манчестер Сити": Эдерсон, Уолкер, Стоунс, Ляпорт, Менди, Бернарду Силва, Фернандинью, Силва (Компани, 89), Маҳрез (Габриэл Жезус, 90+2), Агуэро (Де Брёйне, 71), Стерлинг.