«Манчестер Юнайтед» дар даври ½ финал

«Манчестер Юнайтед» дар даври ½ финал

Дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии Лигаи Аврупо дастаи “Манчестер Юнайтед” дар майдони худ “Гранада”-и Испанияро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Олд Траффорд”-и Манчестер баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Мизбонон ҳанӯз дар дақиқаи 6-уми дидор бо голи задаи ҳамлавари уругвайӣ - Эдинсон Кавани ба пеш баромаданд. Дар дақиқаи 90-ум яке аз ҳамлаҳои “Манчестер Юнайтед” бо худголи дифоъгари “Гранада” - Хесус Валйехо хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки вохӯрии аввали дастаҳо низ бо пирӯзии “Манчестер Юнайтед” бо ҳисоби 2:0 хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, «девҳои сурх» дар ду бозӣ бо натиҷаи 4:0 дастболо шуда, гузарномаи нимфиналро соҳиб шуданд. Дар даври нимфинал шогирдони Сулшер бо дастаи “Рома”-и Италия рақобат мекунанд.