Андрей Рублёвро имтиҳони сахту сангин интизор аст

Андрей Рублёвро имтиҳони сахту сангин интизор аст

Ракеткаи 6-уми ҷаҳон теннисбози шинохтаи Россия - Андрей Рублёв дар даври сеюми мусобиқаи Монте-Карло бо Роберто Баутиста Агути испанӣ рақобат намуд. Набарди теннисбозон дар корт муддати 1 соату 45 дақиқа идома карда, бо натиҷаи — 7:6, 5:7, 6:3 ба суди Андрей Рублёв хотима ёфт. Акнун варзишгари рус дар даври ¼ финал бо теннисбози соҳибноми испанӣ - Рафаэл Надал рақобат мекунад.

Монте-Карло (Монако)

Мусобиқаи ATP Rolex Monte-Carlo Masters

Маблағи ҷоизавӣ 2 082 960 евро

Даври сеюм

Андрей Рублёв (Россия, 6) — Роберто Баутиста Агут (Испания, 9) — 7:6 (7:2), 5:7, 6:3