Мане бо президенти Сенегал масъалаи муҳимро баррасӣ кард

Мане бо президенти Сенегал масъалаи муҳимро баррасӣ кард

Ҳамлавари бошгоҳи “Ливерпул” ва мунтахаби Сенегал - Садио Мане барои деҳаи Бамбали кишвараш тамоми кори аз дасташ меомадаро мекунад. Дирӯз ӯ ба президенти Сенегал Маки Салл нақшаи сохтани беморхонаи навро тақдим кард. Футболбоз ба кӯмаки мақомот ва ҷудо кардани кормандони тиб умед мебандад. То ба наздикӣ дар Бамбали ягон беморхона набуд (аввалинашро Садио низ сохта буд). Одамонро ҳамеша ба деҳаи ҳамсоя мебурданд ва ҳамин тавр падари беморе бо номи Манети ҷавон дар роҳ мурд. Инчунин дар Бамбали таваллудхона вуҷуд надорад. Занон ё ба хонаи ҳамсоя мераванд, ё дар хона таваллуд мекунанд. Маҳз хоҳари худи Мане дар хона таваллуд шудааст.

Якчанд сол пеш, дар як мусоҳиба Мане шикоят карда буд, ки мақомоти Сенегал ба ободонии деҳот диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Аз ин рӯ, рисолати ӯ обод кардани ҷойҳои ватанӣ ба манфиати кӯдакон ва калонсолон аст. Садио аллакай як мактаби ҳамагонӣ сохта, дар масҷиди нави деҳа кӯмак кардааст. Ин барои футболбозе, ки вақти тифлӣ вақти зиёдеро дар он ҷо гузаронидааст ва падари ӯ имом буд, хеле муҳим аст.