Марги Марадона ҷаҳонро такон дод...

Марги Марадона ҷаҳонро такон дод...

Футболбози афсонавии тими мунтахаби Аргентина Диего Марадона дар синни 60- солагӣ бар асари бемории қалб аз олам чашм пӯшид.

Дар шаҳри Буэйнос –Айрос маросими видоъ бо нобиғаи ҷаҳонии футбол Диего Армандо Марадона баргузор гардид. Ҷасади марҳумро ба қасри Президенти Аргентина бурданд ва дар он ҷо зиёда аз ҳазор нафар мухлисони футболбоз бо ӯ видоъ карданд. Аз соати 6-и субҳ сар карда, ҳукумати Аргентина тамоми роҳҳоро барои видоъ бо Диего боз намуд. Дар ин замина Президенти Аргентина Алберто Фернандес дар кишвар мотами се рӯза эълон кард.

Сабаби марги Марадона дар чӣ бошад?

Рӯзи 30-юми октябр дар бозии даври якуми чемпионати Аргентина миёни бошгоҳҳои “Гимнасия ва Эсгрима” – “Патронпато” (3:0) , ки ба 60- солагии Марадона бахшида шуда буд, Диего ба варзишгоҳ ташриф овард. Аммо нобиғаи футбол то анҷоми бозӣ дар варзишгоҳ боқӣ намонд. Ӯро беморӣ азият медод ва бо ҳамин сабаб аз варзишгоҳ рафт. Рӯзи 2-юми ноябр Марадона дар беморхонаи шаҳри Ла –Плата бистарӣ гардид. Нахуст табиби Диего- Леополдо Луки ироа кард, ки сабаби дар беморхона бистари шуданӣ ӯ таъҷилӣ нест , танҳо мо ӯро барои муоина дар беморхона бистарӣ кардем. Ҳангоми муоина дар ӯ мо субдурал ва гематомаро мушаххас кардем. Пас аз як рӯз Марадонаро ба дигар беморхона интиқол доданд. Дар беморхона зиёда аз як ҳафта табобат гирифта рӯзи 11-уми ноябр аз шифохона мурхасӣ шуд. Рӯзи 25-уми ноябр нобиғаи футбол дар шаҳри Буэнос- Эйрос дар хонаи худ дунёро падруд гуфт. Вакили дифоъи Марадона сабаби марги футболбозро бар асари сактаи қалбӣ ба рӯзноманигорон ироа кард. Аммо то ҳол сабаби марги Марадонаро ҳеҷ кас мушаххас намедонад. 

Вокуниши ҷаҳониён нисбати даргузашти Марадона

Пеле-шоҳи футбол: “Чӣ хабари ғаменгаз аст. Ман як дӯсти хубамро аз даст додам ва ҷаҳон як нобиғаро аз аз даст дод. Ҳанӯз бисёр чизҳоро бояд гуфт, аммо дар ин замон , Худо ба аҳли оилаи ӯ нерӯ бахшад, то қуввати таҳаммули ин фоҷиаро дошта бошанд. Умедворам, ки рӯзе мо метавонем бо ӯ дар осмон ҳам футбол бозӣ кунем.” 

Ҷозеф Блаттер- собиқ президенти ФИФА : “Ман мехоҳам бигӯям, ки Марадона воқеан дар се даҳсолаи охир дар футболи ҷаҳон осоре боқӣ гузошт. Вай футболбозӣ фавқуллода буд. Диего мардест, ки дастаи хешро соли 1979 ба чемпионати ҷаҳонии Токио бурд, ки Аргентина дар финал тими мунтахаби СССР –ро мағлуб карда, дар охири бозии ҳалкунанда 3-гол ба самар расонид. Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 дар Мексика хотирмону фаромӯшнашаванда аст. Дар он ҷо ӯ ба тими мунтахаби Аргентина ғалаба кард. Он голи фаромӯшнашавандаро бо “дасти Худо” дар бозӣ бо бритониёиҳо ба ҳадаф расонид. Акнун ҳоло Худо ӯро ба хона даъват кард. Ором бихоб , Диего. Ташаккур барои ҳама!” 

Лионел Месси- сарвони тими мунтахаби Аргентина: “Рӯзи хеле ғамангез барои тамоми Аргентина ва барои футбол...Ӯ моро тарк кард, аммо нарафт, зеро Диего абадист. Ман ҳама лаҳзаҳои аҷоибро, ки якҷо аз сар гузаронидем , дӯст медорам ва мехоҳам ба оила ва дӯстони ӯ исзҳори тасаллият кунам. Равонаш шод бод!” 

Криштиану Роналду- сарвони тимимунтахаби Португалия: “Имрӯз ман бо дӯст видоъ мекунам ва ҷаҳон бо нобиғаи ҷовид видоъ мекнуад. Яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон . Ҷодугаре. Вай хеле барвақт меравад, аммо мероси бепоён ва боқимондаро боқӣ мегузорад, ҷои ӯро ҳеҷ каси дигар пур карда наметавонад. Оромона хоб кунед Диего. Шумо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳед шуд. ” 

Корнамоии Марадона дар ҷаҳони футбол 

Дар давоми фаъолияти футболбозӣ, Диего шарафи дастаҳои "Аргентинос Хуниорс", "Бока Хуниорс", "Барселона", "Наполи", "Севиля" ва "Нюэллс Олд Бойз”-ро ҳимоя кардааст. Дар маҷмӯъ, Марадона дар тӯли корномаи даставии худ 492- бозӣ гузаронида, ба задани 258ғ гол ноил гардидааст. Дар ҳайати тими миллии Аргентина ӯ 91- бозӣ анҷом дода, 34 гол ба самар расонидааст.Марадона фаъолияти мурабигии худро дар дастаҳои "Дорадос" (Мексика), "Ал-Васл" ва "Ал-Фуҷайра" (ҳарду АМА) ва "Хемнасию" (Аргентина) гузаронидааст. Тими мунтахаби Аргентинаро ҳам чанд вақт роҳбарӣ карда буд.