Марсело ба «Ювентус» рафт?
Муҳофизатгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал” Марсело то зимистони ҳамин сол қасди тарки дастаашро дорад. Ин футболкори бразилӣ ба роҳбарияти тими “Реал” иқрор омада, ки хостори ба дастаи “Ювентус” пайвастанро дар дил мепарварад, чаро ки феълан дар тими мазкур собиқ ҳамдастааш бозигари бузурги гетӣ Криштиану Роналду фаъолият дорад ва Марсело низ бо ӯ як ҷо буданро хоҳон аст. Тибқи сарчашма, Марсело ба маблағи 50-60 миллион евро ба “Ювентус” гузариш хоҳад кард. Ин муҳофизатгари 30-сола сар аз соли 2006 дар ҳайати “Реал Мадрид” ҳунарнамоӣ мекунад ва интизори даъвати тоза аст. Шартномаи ӯ то соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Таҳияи Лутфуллои Азиз