Президенти “Барселона” оиди гузариши Неймар чӣ гуфт?
Президенти “Барселона” Хосеп Мария Бартомеу оиди гузариши Неймар ба “Барселона” чунин гуфт. “Неймар “Барселона”-ро тарк намуд ва дигар бар нахоҳад гашт. Бозгашти ӯ ба дастаи мо номумкин аст. Аз наздикони Неймар ба ман ягон кас тамос нагирифтааст. Ва ҳатто мулоқот накардааст. Ӯ қарори ояндаи худро баровард ва ҳатто маблағи ҷубронпулиашро низ худаш пардохт кард. Мо барои бар гардонидани Неймар ягон нақша дар сар наморем”.