Мавсими нави Чемпионати Фаронса кай шуруъ мешавад?

Мавсими нави Чемпионати Фаронса кай шуруъ мешавад?

Мусобиқоти Лигаи 1 Фаронса тақвими мавсими нави футболро интишор намуд. Мавсими нав 22-23 август   оғоз хоҳад шуд. Бозиҳои 5 давр мобайни ҳафта доир мешавнд. Бозиҳои марказии даври аввали чемпионат ин дидори дастаҳои “Марсел” бо   “Сент-Этйен” ва «Лилл» бо «Ренн» ба ҳисоб меравад. Мусобиқот 23 майи сои 2021 ба аноҷм мерасад. Баргузории бозиҳои гузаришӣ 27 ва 30 май дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки мавсими гузаштаи футбол дар Фаронса бинобар бемории ҳамагири коронавирус қабл аз муҳлат ҷамъбаст шуда, бошгоҳи ПСЖ қаҳрамони кишвар эълон гардид. Ҳамчунин тибқи маълумотҳо бозии финалии Ҷоми Лигаи Фаронса миёни тимҳои ПСЖ ва “Лион”, ки қаблан ба мавқуф гузошта шуда буд, 31 июли соли ҷорӣ дар Париж сурат мегирад.