Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар куҷо доир мешаванд?

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар куҷо доир мешаванд?

Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки бояд рӯзҳои 20-27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Россия доир мегардид, ба далели бемории олмагири коронавирус ба давраи аз 4-ум то 11-уми сентябри соли равон ба таъхир гузошта шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати варзиши Россия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар ҷаласаи онлайни раҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омодагӣ ва баргузории аввалин Бозиҳои варзишии ИДМ дар Қазон гирифта шуд. Дар рафти ҷаласа иштироккунандагон масъалаҳои ташкилиро муҳокима карда, мубодилаи афкор намуданд.

Ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Россия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт.

Интизор меравад, ки дар Бозиҳо тақрибан 2500 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 11 кишвари ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок мекунанд. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳанд кард. 

Иштироккунандагони Бозиҳо дар Деҳаи варзишгарон ҷойгир мешаванд. Дар 21 навъи варзиш мубориза барои 284 маҷмӯи медалҳо ба нақша гирифта шудааст.