Мбаппе “Реал” ва “Барса”-ро ҷанг меандозад

Мбаппе “Реал” ва “Барса”-ро ҷанг меандозад

Ҳамлавари ҷавони фаронсавии дастаи «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе шояд, ба дастаи «Барселона» гузариш кунад. Дар ин бора AS хабар додааст. Тибқи иттилои сарчашма “нилунориҳо” омодаанд, ки барои харидории бозигари 22 сола 90 млн евро пешниҳод намоянд. Раҳбарони "Барселона" бар ин боваранд, ки "Реал Мадрид" омода аст ба фаронсавӣ танҳо 50 миллион евро ҳамчун ҷоизапулӣ пешниҳод кунад.

Дастаи шаҳри Мадрид мӯътақид аст, ки Мбаппе ҳатто барои муддати кӯтоҳ аз тамдиди шартнома бо “ПСЖ” даст мекашад. Роҳбарияти Мадрид итминон доранд, ки дар мубориза барои ҳамлагар довталаби асосӣ мебошанд. Қаблан гуфта шуда буд, ки худи Килиан нияти гузариш ба дастаи “Реал”-ро дорад.