Мбаппе ва Дембеле пасттарин холро дар бозӣ бо "Боруссия" гирифтанд

Рӯзномаи L’Équipe пас аз натиҷаи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “ПСЖ” ва “Боруссия”-и Дортмунд (0:1) ба футболбозон баҳо дод.
Ҳамлагарони тими шаҳри Париж Килиан Мбаппе ва Усмон Дембеле баҳои пасттарин – 2 холӣ гирифтанд.
Холи баландтаринро муаллифи голи ғалабаовари бозӣ ҳимоятгари “Боруссия” Матс Хуммелс (8) дода шуд. Аз ҳайати “ПСЖ” нимҳимоятгар Витиня (7) беҳтарин буд.