Медали Бозиҳои зимистонаи Олимпӣ-2022 муаррифӣ шуд
27 октябр чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ дар намуди конкитозӣ Ян Янг ва барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио-2020 Чжан Юфей ба намояндаи Ҳизби коммунисти Чин Ҳан Чжен ҳамроҳ шуда, медалҳои Пекин-2022-ро дар маросими таҷлил аз “100 рӯз то оғози Бозиҳо” муаррифӣ карданд. Медалҳо ҳамчун "Тонг Син" тавсиф шудаанд, ки маънои "Бо ҳам"-ро дорад.
Созмондиҳандагон мегӯянд, ки панҷ ҳалқа дар тарҳи медалҳо таҷассумгари "ваҳдати осмону замин ва ваҳдати мардум аст". Онҳо таъкид мекунанд, ки тарҳи медал рамзи рӯҳи олимпӣ мебошад, ки мардумро аз тамоми ҷаҳон "барои ширкат ва шарикӣ дар Бозиҳои зимистона" ба ҳам меорад.
Дар ҳалқаҳои рӯи медал "Бозиҳои XXIV-уми зимистонаи олимпии Пекин-2022" бо англисӣ ва намунаҳои абр ва зарраҳои барф нақш бастаанд. Дар пушти медал бошад, рамзи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, номи бозиҳо бо чинӣ ва номи мусобиқа ҳаккокӣ шудааст.
Ҳалқаҳои рӯи медал ба пайраҳаҳои ситораҳо ва 24 нуқта ишора ба Бозиҳои XXIV-уми зимистонаи олимпӣ ҳастанд. Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 аз 4 то 20 феврал аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) баргузор мешавад. Дар он иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 100 давлат дар назар аст.