Медведев ба марҳилаи ¼ ниҳоии “Мастерс” роҳхат гирифт

Медведев ба марҳилаи ¼ ниҳоии  “Мастерс” роҳхат гирифт

Дар доираи бозиҳои даври сеюми мусобиқаи “Мастерс”-и Париж, теннисбози муваффақи рус бо ҳарифи амрикоии худ - Себастян Корда рақобат намуд. Вохӯрии теннисбозон дар корт ду соат идома карда, бо ҳисоби 4:6, 6:1 ва 6:3 ба нафъи Даниил Медведев анҷом ёфт. Медведев дар ин бозӣ бартарии комил нишон дода, рақибашро ноком сохт ва ба ба марҳилаи 1/4 финали мусобиқаи мазкур роҳи худро ҳамвор кард.

Дар марҳилаи чорякфинал Медведев бо ғолиби ҷуфти Карлос Алкарас Гарфия (Испания) ва Ҳуго Гастон (Фаронса) бозӣ мекунад.