Ҷордан, Месси ё Роналду. Кӣ сердаромадтарин варзишгар дар таърих аст?
Нашрияи Sportrico исми 25 варзишгарони сердаромадтаринро дар таърих нашр кард. Радабандӣ дар асоси тадқиқоти худи мо, сарчашмаҳои дохилӣ ва дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла Forbes тартиб дода шудааст. Даромади ҳар як варзишгар аз маош, пули ҷоиза, шартномаҳои таблиғотӣ, даромадҳои иловагӣ ва ғайра иборат аст.
Голфбоз Арнолд Палмер ва баскетболбоз Коби Брайант ду варзишгаре ҳастанд, ки даромадашон дар замони марг ҳисоб карда мешавад. Дар топ-25 намояндагони ҳашт намуди варзиш ҳастанд, ки даромади умумии онҳо 25,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Топ-25 гаронарзиштарин варзишгарон дар ҷаҳон:
1. Майкл Ҷордан (баскетбол) – $ 2,62 млрд
2. Тайгер Вудс (голф) – $ 2,1 млрд
3. Арнолд Палмер (голф) – $ 1,5 млрд
4. Ҷек Никлаус (голф) – $ 1,38 млрд
5. Криштиану Роналду (футбол) – $ 1,24 млрд
6. Флойд Мейвезери хурдӣ (бокс) – $ 1,2 млрд
7. Леброн Ҷеймс (баскетбол) – $ 1,17 млрд
8. Лионел Месси (футбол) – $ 1,14 млрд
9. Михаэл Шумахер (сарнишини Формула-1) – $ 1,13 млрд
10. Роҷер Федерер (теннис) – $ 1,12 млрд
11. Фил Микелсон (голф) – $ 1,08 млрд
12. Дэвид Бекхэм (футбол) – $ 1,05 млрд
13. Коби Брайант (баскетбол) – $ 930 млн
14. Шакил О′Нил (баскетбол) – $ 870 млн
15. Грег Норман (голф) – $ 815 млн
16. Майк Тайсон (бокс) – $ 775 млн
17. Алекс Родригес (бейсбол) – $ 650 млн
18. Мэнни Пакяо (бокс) – $ 630 млн
19. Кевин Дюрант (баскетбол) – $ 625 млн
20. Люис Хэмилтон (сарнишини Формула-1) – $ 620 млн
21. Неймар (футбол) – $ 615 млн
22. Ҷефф Гордон (автоспорт) – $ 595 млн
23. Оскар де ла Хойя (бокс) – $ 580 млн
24. Пейтон Мэннинг (футболи амрикоӣ) – $ 570 млн
25. Дерек Ҷитер (бейсбол) – $ 555 млн