Мехоҳам шабеҳи падарам парчамбардори Тоҷикистон бошам!

Мехоҳам шабеҳи падарам парчамбардори Тоҷикистон бошам!

Тоҷикон дар ҳама давру замон инсонҳои меҳандӯсту миллатпараст дошт, ки барои баланд бардоштани номи ин кишвар ҷони азизи хеш қурбон кардаанд. Қаҳрамони бахши чеҳракушоӣ футболбози беҳамтою беназир Муҳаммадҷон Лоиқов -ҳамлавари бошгоҳи «Динамо Минск»-и кишвари Белорусия аст.

Хабарнигори шабакаи “Варзиш” Кова Тилавпур бо ин футболбози боистеъдод сӯҳбате орост.

Хабарнигор:- Муҳаммадҷон аввалан саломи гарму ҷӯшон аз кишвари азизат Тоҷикистон.

Муҳаммадҷон: -Дуруд ба Шумо ва тамоми кулли ҳамдиёрони азизам.

Хабарнигор: -Мехостем дар мавриди фаъолияти ҳунарнамоиятон дар кишвари Белорус сӯҳбат кунем…

Муҳаммадҷон: -Марҳамат чӣ суоле бошад, омодаам ҷавоб диҳам!

Хабарнигор:-Аз кай ба футбол машғул ҳастед ва мураббии аввалини Шумо кӣ буд?

Муҳаммадҷон :-Замоне,ки мактаб намерафтам, аллакай ба бозии футбол меҳр баста будам. Вақте ки 7 сола шудам, падарам маро ба назди мураббӣ Зоҳир Бобоев бурданд ва аз он ҷо тамринотро оғоз кардам. Мо якҷо бо футболбози дастаи «Истиқлол» Шериддин Бобоев тамрин мекардем. Дар синни 12 солагиям дар назди мураббӣ Зайнидди Раҳимов тамринотро идома додам.

Хабарнигор:-Чӣ тарз роҳ сӯи кишвари Белоруссия пеш гирифтед?

Муҳаммадҷон:-Аваллан, якчанд сабти навори бозиҳоямро ба роҳбарияти дастаи «Динамо Минкс» ирсол намудам ва онҳо маро барои таҷриба даъват карданд . Баъди омӯзиш шояд бозиам писанд омада бошад, ки қабул карданд(ханда мекунад). Аввал дар дастаи академия, баъди он ба ҳайати захиравӣ даъват намуданд. Замоне,ки дар ҳайати захиравӣ бозӣ мекардам мураббиёни дастаи аввал бозиамро тамошо мекарданд ва ҳамин тавр ба дастаи якум пайваст шудам.

Хабарнигор:- Оё футболбозони тоҷик метавонанд ҳунари худро дар хориҷ нишон диҳанд?

Муҳаммадҷон:-Дар кишвари мо футболбозони наврас ҳунари воло доранд ва албатта, метавонанд дар дастаҳои хориҷӣ ҳунаранамоӣ кунанд.

Хабарнигор: -Ҳоло Шумо дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунед?

Муҳаммадҷон:- Ман ба мудати 2 сол бо ҳайати асоси созишнома бастам, вале чун дар мавқеъи ман бозигарони таҷрибадор зиёданд, ба таври иҷора то итмоми мавсими ҷорӣ ба дастаи   «ЮАС-Житковичи»   пайваст шудам.

Хабарнигор:- Чӣ тавре, ки медонем Шумо аз хонаводаи паҳлавони барӯманд Нурулло Лоиқов ба воя расидед, чаро кӯштин ё варзишҳои размиро интихоб накардед?

Муҳаммадҷон: -Аслан намудҳои варзиш ба ҳам пайвандӣ дорад. Чун бештар футболро дӯст медоштам, ба ин намуд машғул шудам. Дар баъзе вақтҳо бо бародаронам кӯштин мегирам.

Хабарнигор: -Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карданӣ ҳастед ?

Муҳаммадҷон -Мехоҳам дар тими мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кунам. Борҳо аз роҳбарияти ФФ Белорусия пешниҳоди ҳунарнамоӣ дар тими мунтахаби Белорусия доштам, вале пешниҳоди онҳоро қабул накардам.

Хабарнигор: -Чаро?

Муҳаммадҷон:-Чун падарам ба ман тарбия додаанд, ки барои хоку номи кишвари азизам Тоҷикистон ҷонамро фидо кунам. Мехоҳам шабеҳи падарам парчамбардори кишвари азизамон бошам.

Хабарнигор: -Ташаккур ба як суҳбати самимӣ.

Муҳаммадҷон:-Барои Шумо ҳам сипосгузорам.