Мехоҳед, ки Ҷоми ҷаҳон дар ду сол як бор доир шавад?

Мехоҳед, ки Ҷоми ҷаҳон дар ду сол як  бор доир шавад?

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол - Ҷанни Инфантино дар бораи дар ду сол як маротиба гузаронидани Ҷоми ҷаҳон сухан кард. Ба андешаи роҳбари ФИФА, мусобиқаҳои сатҳи мазкур бояд зуд-зуд баргузор шаванд.

"Нуфузи як чорабинӣ аз пайдарҳамии гузаронидани он не, балки аз сифати баргузории он вобастагӣ дорад. Намунаҳои олӣ Суперҷом, Лигаи Чемпионҳо ё Уимблдон мебошанд. Ин мусобиқаҳо ҳамасола баргузор мешаванд, аммо ҳамзамон бо ин онҳо хеле бонуфуз ва диққатҷалбкунандаанд", - иқтибос меорад Reuters аз суханҳои роҳбари ФИФА Инфантино.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Баргузор Чемпионати навбатии ҷаҳон моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 дар Қатар дар нақша аст.