Нобиғаи теннис ба майдон баргашт

Нобиғаи теннис ба майдон баргашт

Яке аз беҳтарин теннисбозон дар таърих Рафаэл Надал ба мухлисонаш хабар додааст, ки ӯ рӯзҳои наздик ба тамринҳо шуруъ мекунад. Надал мавсимро пеш аз мӯҳлат пас аз мусобиқа дар Вашингтон ба анҷом расонд. Сабаби ин тасмими варзишкори испанӣ осеби пояш буд.

Ёдовар мешавем, ки Надал яке аз беҳтарин теннисбозон дар таърих буда, ғолиби 20 каратаи “Тоскулоҳи бузург” ва ду дафъа қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аст.