Мексика муқобили Арабистон зафар ёфту лек то ба плей-офф роҳ наёфт!

Мексика муқобили Арабистон зафар ёфту лек то ба плей-офф роҳ наёфт!

Дар доираи бозиҳои даври охири  марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар  мунтахабҳои Арабистони Саудӣ  ва Мексика   ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил”  доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 2  ба суди мексикоиҳо   хотима ёфт.

Голҳоро дар  ин Ал-Досари,  Мартин ва  Чавес ба самар расониданд.

Дастаҳо бо дуранг ба танаффус баромаданд. Воқеаҳои асосии вохӯрӣ дар нимаи дуюм сурат гирифтанд.

Дар оғози он, Мартин ва Чавес барои муваффақият кӯшиши ҷиддӣ карданд. Дар охир мексикоихо бештар гол заданд. Ин гол роҳхат ба плей-офф меовард, аммо доварон онро ҳисоб накарданд. Дар вақти изофӣ Ал-Досари  рақибонро аз имкони пеш рафтан маҳрум кард.

Аргентина 6 имтиёз ба даст оварда, ғолиби гурӯҳи “С”  шуд. Полша ва Мексика ҳар кадом 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд, аммо дар аввалӣ тафовути тӯбҳо беҳтарин аст. Арабистони Саъудӣ бо се имтиёз дар ҷои охир маскан гирифт.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “С” | Даври 3 

Арабистони Саудӣ – Мексика 1:2

Голҳо: Ал-Досари, 90+5 – Мартин, 47, Чавес, 52

Арабистони Саудӣ: Ал-Овайс, Ал-Ганам (Бахебри, 88), Томбакти, Ал-Амри, Ал-Булайхи (Шарахили, 37), Абдулҳамид, Ал-Досари, Ал-Ҳассан (Маду, 46), Канно, Ал-Брейкан, Ал-Шаҳрӣ (Ал-Обод, 62).

Мексика: Очоа, Санчес (Алварес, 86), Морено, Монтес, Галярдо, Чавес, Пинеда (Родригес, 77), Алварес (Фунес Мори, 86), Лосано, Мартин (Хименес, 77), Вега (Антуна, 46).

Огоҳӣ гирифтанд:  Ал-Шаҳрӣ, Ал-Ҳассан, Томбакти, Маду, Ал-Амри, Бахебри – Алварес