Меросбари аслии Месси дигарбора осеб бардошт

Меросбари аслии Месси дигарбора осеб бардошт

Бошгоҳи футболи “Барселона” дар сомонаи расмиаш аз осеб бардоштани Ансу Фати дар бозии даври 13-уми Ла Лига бар зидди “Селта” (3:3) хабар дод.

"Пас аз санҷиш муайян карда шуд, ки рони чапи Ансу Фати осеб бардоштааст. Бозгашти ӯ аз раванди барқароршавӣ вобаста аст,— гуфта шудааст дар сомонаи расмии «Барселона».

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Фати бинобар сабаби осеб бардоштанаш аз 4 то 6 ҳафта ба майдон намебарояд.

Дар ҳоли ҳозир бошад “Барса” бо касби 17 хол дар зинаи 9-уми ҷадвали Ла Лига қарор дорад.