Месси ба футболбозони Амрикои Ҷанубӣ кӯмак кард

Месси ба футболбозони Амрикои Ҷанубӣ кӯмак кард

Сомонаи The ​​Guardian хабар медиҳад, ки ҳамлагари аргентинии "Барселона" - Лео Месси барои футболбозони Амрикои Ҷанубӣ аз Чин 50 000 дона ваксинаи коронавирус харидорӣ кард. Форварди аргентинӣ ин иқдомро дар арафаи Ҷоми Амрико-2021 рӯи даст гирифтааст. Ин созиш бо миёнаравии президенти Уругвай - Луис Алберто Локалле бо ширкати дорусозии чинии Sinovac баста шуд. Шартнома барои ваксина пас аз он ба имзо расид, ки Месси ба чиниҳо се пироҳани имзошудаашро тақдим кард. Қисми ваксинаҳо ба 26 бошгоҳи дивизиони якуми Аргентина гузаронида шудаанд.