РӮЗИ ТАЪРИХӢ ДАР ФУТБОЛИ ТОҶИК!

РӮЗИ ТАЪРИХӢ ДАР ФУТБОЛИ ТОҶИК!

Имрӯз, 15-уми апрел, аввалин бор даста аз Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО иштирок мекунад, ки ин бошгоҳ “Истиқлол”-и Душанбе ба ҳисоб меравад. Аввалин бозии худро “Истиқлол” имрӯз, 15-уми апрел, зидди дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ» соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе) анҷом медиҳад. Ин ва ҳамаи дигар рақобатҳои чемпиони Тоҷикистонро шабакаи телевизионии “Варзиш” ба таври мустақим намоиш медиҳад. Ба “Истиқлол” дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаи бонуфузи қоравӣ – Лигаи чемпионҳои Осиё барору муваффақият мехоҳем.