Месси, Неймар ва Мбаппе дар Марсел оҷиз монданд

Месси, Неймар ва Мбаппе дар Марсел оҷиз монданд

Дастаи «ПСЖ» дар даври 11-уми Лигаи 1-уми Фаронса бо тими «Марсел» рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо гарчанде, ки ҷолибнок сипарӣ шуда бошад, ҳаммо дастаҳо ба задани гол даст наёфтанд. Маврид ба ёдоварист, ки ҳарду даста ба задани гол даст ёфтанд, вале пас аз мушоҳидаи ВАР голҳо бекор карда шуданд. Баъди ин мусовӣ “ПСЖ” бо касби 28 хол садрнишини ҷадвали Лигаи 1-уми Фаронса мебошад.

Чемпионати Фаронса. Лига 1

Даври 11-ум

«Марсел» — «ПСЖ» — 0:0