XXV-умин Ассамблеяи генералии ANOC дар Юнон шуруъ шуд
XXV-умин Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) 24 октябр дар ҷазираи Крити Юнон бо иштироки намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ҷаҳон, Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО), федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ҳаракати олимпӣ оғоз шуд. Дар чорабинӣ намояндагони 148 кумитаи миллии олимпӣ ширкат дошта, 57 кумитаи олимпии дигар ба таври фосилавӣ пайваст шуданд.
Ҷумҳурии моро дар XXV-умин Ассамблеяи генералии ANOC ноиби Президенти КМОТ Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи президенти ANOC Робин Митчелл, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, инчунин мизбонон, президенти Кумитаи олимпии Юнон Спирос Капралос, муовини вазири фарҳанг ва варзиши Юнон Лефтерис Авгенакис суханронӣ карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи президенти ANOC Робин Митчелл гуфт: «Таъсири COVID-19 ба ҳама маълум аст ва то ҳол дар саросари ҷаҳон эҳсос мешавад. Аммо мо дар тӯли ду соли охир дидем, дар ҳоле ки пандемия моро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҷудо кард, мо якҷоя кор кардем, то тавонотар ва муттаҳидтар шавем. Шубҳае нест, ки пандемия ҷаҳони моро тағйир додааст. Пандемия ҳамаро бармеангехт, ки ақибнишинӣ кунем ва арзёбӣ кунем, ки чӣ тавр мо метавонем дар муҳити нави худ беҳтар шавем ва рушд кунем”.
Ассамблеяи генералӣ Нақшаи стратегии ANOC-ро барои солҳои 2021-2024 тасдиқ кард, ки чаҳор рукни асосӣ - ҳамкорӣ, рушд, намояндагӣ ва чорабиниҳоро муайян мекунад. Ҳамаи фаъолиятҳои ANOC дар робита ба дастгирии кумитаҳои миллии олимпӣ дар доираи ин рукнҳо хоҳанд буд.
Гурӯҳи кории ANOC оид ба чорабиниҳо дар бораи раванди дархост барои мизбонии Бозиҳои соҳилии ҷаҳонӣ маълумот дод ва тасдиқ кард, ки гурӯҳ аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ANOC барои пешрафти дархости Индонезия барои мизбонии нашри бозиҳо дар соли 2023 ваколатдор шудаанд. Қарори ниҳоӣ то охири сол қабул хоҳад шуд.
Ҳамчунин Комиссияи Маркетингии ANOC навгониҳоеро дар бораи корҳое, ки онҳо дар кумак ба NOCs барои баланд бардоштани фаъолияти васоити ахбори иҷтимоии онҳо анҷом додаанд, пешниҳод кард. Ёдрас мекунем,ки XXV-умин Ассамблеяи генералии ANOC имрӯз - 25 октябр – ҷамъбаст мегардад.