Месси “Тӯби тиллоӣ”-и 7-умашро соҳиб мешавад
Ба форварди “ПСЖ” Лео Месси хабар додаанд, ки ӯ ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-и 7-умашро соҳиб мешавад. Дар ин бора RTP иттилоъ додааст. Ба иттилои манбаъ намояндагони маҷаллаи France Football, ки ҷоизаро ба беҳтарин бозигари сол медиҳад, аллакай бо аргентинӣ тамос гирифтаанд. Гузашта аз ин Месси ҳатто гӯё аллакай чун ғолибдар гирифтани “Тӯби тиллоӣ” ба маҷаллаи фаронсавӣ мусоҳибаи анъанавӣ додааст.
Дар мавсими гузашта Лео Месси дар ҳайати “Барселона” бо 30 гол беҳтарин нишонзани Ла Лига шуд. Ғайр аз ин Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина аввалин бор Ҷоми Амрикоро соҳиб шуд. Маросими тақдими ҷоизаи мазкур бошад рӯзи 29 ноябр дар Париж (Фаронса) баргузор мешавад.