Месси Жоржинйо ё Левандовски. Кӣ соҳиби «Тӯби тиллоӣ» мешавад?
Президенти Федератсияи футболи Полша, собиқ бозигари «Ювентус» - Збигнев Бонек андешаи худро дар бораи муддаии асосии ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-2021» иброз дошт. «Агар Жоржинйо охирин пеналтиро дар силсилаи финали Евро-2020 мезад, ӯ барандаи Тӯби тиллоӣ мешуд. Африқо овоз медиҳад, Амрико овоз медиҳад. Ҳама овоз медиҳанд. Ва дар он ҷо танҳо Месси ва Роналдуро медонанд. Метарсам, ки Месси Ҷоми Амрикоро ба даст овардааст, метавонад «Тӯби тиллоӣ»-ро гирад. Ба назари ман, се бозигаре ҳастанд, ки сазовори ҷоиза мебошанд: Жоржинйо, Месси, Левандовски. Барои ман Роберт беҳтарин аст. Намедонам, чаро соли гузашта ба ӯ ҷоиза надоданд, вақте ки ӯ чунин бозӣ мекард ва ҳама бартарӣ дошт. Ҷоиза бояд ба касе дода шавад, ки бо дастааш ҷоизаи муҳиме ба даст овардааст. Мо ҳама медонем, ки Месси футболбози сатҳи дигар аст, аммо Жоржинйо ҳама ҷоизаро соҳиб шуд. Ман аз Левандовски тарафдорӣ мекунам», - гуфт Збигнев Бонек.