“Милан” аввалин иштирокчии даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия

“Милан” аввалин иштирокчии даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия

Дар варзишгоҳи “Сан-Сиро”-и Милан, бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Италия байни “Милан” ва “Торино” баргузор шуд.

Футболбозони ҳарду даста дар вақти асосӣ ва изофа ҳисобро кушода натавонистанд, аз ин рӯ, барои муайян кардани ғолиб ба онҳо силсилазарбаҳои пеналти лозим шуд, ки дар он шогирдони Стефано Пиоли ғалаба ба даст оварданд - 0:0 (5: 4). “Милан” баъди ин ғалаба аввалин иштирокчии даври ¼ ниҳоии Ҷоми Италия гардида, бо ғолиби ҷуфти “Фиорентина” – “Интер” бозӣ хоҳад кард.