Рамосро дар Премйер-лига интизоранд

Рамосро дар Премйер-лига интизоранд

“Манчестер Юнайтед” ба Серхио Рамос шартномаи дусола пешниҳод карданист, хабар медиҳад портали Calciomercato.
Ҳимоятгари испанӣ наметавонад барои тамдиди шартнома бо “Реал Мадрид” ба мувофиқа расад. Даста омода нест, ки тибқи маоши ҷории футболбоз бо ӯ шартномаи дусола ба имзо расонад. 
Дар мавсими кунунӣ Серхио Рамос 17 бозӣ гузаронида, се гол ва як партофти головар ба самар расонидааст.
Созишномаи футболбоз бо “Реал Мадрид” тобистони имсол ба охир мерасад ва аз ин рӯ, “Манчестер Юнайтед” метавонад аллакай бо ӯ гуфтушунидро оғоз кунад.