Мирра Андреева бо ғалаба мусобиқаи WTA 1000 дар Мадридро оғоз кард

Мирра Андреева бо ғалаба мусобиқаи  WTA 1000 дар Мадридро оғоз кард

Теннисбози рус Мирра Андреева дар мусобиқаи категорияи WTA 1000 дар Мадрид бо фонди ҷоиза 8,8 миллион евро бо пирӯзӣ оғоз кард.

Дар даври аввал ракеткаи 43-юми ҷаҳон бар Тейлор Таунсенди амрикоӣ, ки дар раддабандии WTA мақоми 58-умро ишғол мекунад, зафар ёфт. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:6, 6:1, 7:5 анҷом ёфт. Рӯи корт теннисбозон 2 соату 11 дақиқа бозӣ карданд.

Андреева, ки ҳамин моҳ 17-сола мешавад, дар даври дуюм бо Линда Носковаи чех бозӣ хоҳад кард.