Ҳамкории доварони федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳамкории  доварони федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Миёни Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раёсати доварони Иттиҳоди футболи Қирғизистон 22 ноябр дар Душанбе Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ҳуҷҷат сардори раёсати доварон ва нозирони ФФТ Рустам Абдуллоев ва аз ҷониби Иттиҳодияи футболи Қирғизистон — раиси кумитаи доварон Баҳодир Қочқоров имзо карданд.

«Ёддошт ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории зичи доварон миёни федератсияҳои футболи ду кишвар мусоидат мекунад. Созишнома, аз ҷумла хидматрасонии бозиҳои дӯстона, мусобиқаҳо, мусобиқаҳои расмӣ, баргузории семинарҳои муштарак, ҷамъомадҳои таълимӣ ва дигар ҳамоишҳои таълимӣ, табодули таҷриба оид ба татбиқи технологияҳои муштаракро, ки ба баланд бардоштани сифати доварӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ менамояд»,-зикр  намуданд дар  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қаблан бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон аз Қирғизистон бозиҳои силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанберо ҳакамӣ карда буданд.