Монако» «шоҳзодаҳои Париж»-ро торумор кард
20-уми март дар бозии марказии даври 29-уми Лигаи 1-и Фаронса «Монако» бо дастаи «ПСЖ» вохӯрд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Луи II” баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Мизбонон дар дақиқаи 25-уми бозӣ ҳисобро боз карданд. Виссам Бен-Йеддер муаллифи гол шуд. Дар дақиқаи 68-ум Кевин Фолланд бо голи худ бартарии “Монако”-ро дуболо намуд. Дар дақиқаи 84-ум Бен-Йеддер дубл намуда, натиҷаи ниҳоиро таъмин сохт.
Ёдовар мешавем, ки «шоҳзодаҳои Париж» дар 29 бозӣ 65 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионати Фаронса дар ҷойи авваланд. “Монако” бо 44 хол дар ҷойи 7-уми ҷадвал қарор дорад.