“Рома” интиқоми худро дар дербии шаҳри абадии Рим гирифт

“Рома” интиқоми худро дар дербии шаҳри абадии Рим гирифт

Рақобати марказии даври 30-юми Серияи А бо иштироки дастаҳои “Рома” ва “Латсио” бо ғалабаи бузурги дастаи мизбон 3:0 хотима ёфт.  

Шогирдони Жозе Моуринио аз ибтидои бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, дар рафти нимаи аввал се дафъа гол заданд. Аллакай дар сонияи 56-уми рақобат Тэмми Абраҳам бо задани тезкортарин гол дар таърихи дербӣ ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Сипас ӯ дар дақиқаи 22-юм бартарии ҳамтимонашро дуболо намуд. Капитани “ҷалароссӣ” Лоренсо Пеллегринӣ бо зарбаи дақиқ аз вазъияти маъмулӣ дар дақиқаи 40-ум ҳисобро 3:0 кард. Мизбонон ба ин тартиб барои бохт дар марҳилаи якуми чемпионат (он бозӣ 3:2 ба фоидаи “Латсио” ҷамъбаст шуда буд) аз ҳарифи худ интиқом гирифтанд.

Ҳоло “Рома” бо 51 хол дар зинаи 6-уми ҷадвал ҷой гирифтааст. “Латсио” бошад, дар зинаи 7-ум қарор дорад.