Муҳаммад Икромов барои медали биринҷии ЧҶ мубориза мебарад

Муҳаммад Икромов барои медали биринҷии ЧҶ мубориза мебарад

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар Шаҳри Белгради Сербия дар ҳоли баргузорист. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) дар ин чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард. Дирӯз аз кишвари мо дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ ду паҳлавон Муҳаммад Икромов (57кг) ва Мустафо Ахмедов (70кг) аз намуди гӯштини тарзи озод баромад намуданд. Муҳаммад Икромов, ки дар даври 1/8 финал аз рақиби озариаш – Алиаббос шикаст хурд, вале ҳанӯз ҳам имкон дорад, ки дар даври тасаллибахш баромад кунад, чаро ки рақиби Муҳаммад Икромов – Алиаббоси озарӣ ба даври финалӣ роҳ ёфт. Мустафо Ахмедов (70кг) бошад дар даври ¼ ниҳоӣ аз Мурод Евлоеви озарӣ шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд. Акнун Муҳаммад Икромов дар даври тасаллибахш бо Никлас Стехел аз Олмон рақобат мекунад.