Муҳаммадҷон Раҳимов ба дастаи «Насаф» гузариш кард

Муҳаммадҷон Раҳимов ба дастаи «Насаф» гузариш кард

Нимҳимоятгари 24-солаи тими миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ба бошгоҳи «Насаф»-и Қаршӣ, ки дар мавсими нави Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад, гузариш кард.

Шартномаи Муҳаммадҷон Раҳимов бо «Насаф» то охири соли 2023 муҳлат дорад.

Қаблан Раҳимов дар тимҳои «Равшан», «Ҳосилот» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон, инчунин дар «Ордабаси»-и Қазоқистон бозӣ кардааст.

Муҳаммадҷон Раҳимов аз соли 2016 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 42 вохӯрӣ анҷом дода, ду гол задааст.