Мухлисони «Барселона» ба Куман ҳамла карданд

Мухлисони «Барселона» ба Куман ҳамла карданд

Сармураббии дастаи “Барселона” Роналд Куман пас аз бохт аз “Реал Мадрид” дар даври 10 -уми Лигаи олӣ аз ҷониби мухлисони каталонӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Мухлисон ҳангоми баромаданм Куман аз варзишгоҳ ба мошини мутахассиси ҳолландӣ ҳамла карданд. Маҳз дар ҳамин маврид мухлисони бошгоҳи каталонӣ мошини сармураббии “Барселона” -Роналд Куманро ихота карда, ба ӯ суханҳои қабеҳ гуфтанд. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои “Барселона” ва “Реал” бо натиҷаи 2:1 ба суди “гаразмониҳо” хотима ёфт.