Муноқиша миёни бозигарони “Барселона” ва “ПСЖ” аз барои чӣ сар зад?

Муноқиша миёни бозигарони “Барселона” ва “ПСЖ” аз барои чӣ сар зад?

Миёни бозигарони «Пари Сен-Жермен» ва «Барселона» аз барои додзаниҳои ҳамлавари парижиён Килиан Мбаппе баъди бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳо (4:1) муноқиша сар зад.

Ҳамлавар дод зад: «Ин футбол аст ва бояд, ки дар майдон ҳарф зад». Баъди ин футболбозони нилунориҳо аз пасаш ба утоқи зери минбарҳо рафтанд ва талоши ҷанҷолкуниро ба миён оварданд. Дар ин бора нашрияи испании Mundo Deportivo хабар медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки бозӣ миёни дастаҳои «ПСЖ» ва «Барселона» рӯзи 16-уми апрел дар варзишгоҳи «Олимпик Люис Компанис» дар Барселона доир шуда буд. Дар дақиқаи 12-ум ҳисоби рақобатро бозигари «Барселона» Рафиня кушод. Дақиқаи 29-ум дифоъгари «Барселона» Араухо назди хати ҷаримагоҳ зидди Баркола қоидаро вайрон кард ва корти сурхи мустақим гирифт.

Дар дақиқаи 40-ум вингери «ПСЖ» Усмон Дембеле ҳисоби бозиро баробар кард. Баъди нӯҳ дақиқаи оғози қисми дуюм бошад нимҳимоягари меҳмонон Витиня дастаашро ба пеш баровард. Дақиқаи 61-ум ҳамлавари «ПСЖ» Килиан Мбаппе баъди иҷрои пеналти бартарии тимашро дучанд намуд. Дар дақиқаи 89-ум Мбаппе дублро ба номаш ихтисос дод. Ҳамин тариқ, «ПСЖ» бар «Барселона» бо ҳисоби 4:1 (ҳисоби умумӣ 6:4) пирӯзӣ ба даст овард.