Роҳбари Ассосиатсияи Футболи Украина Шевченко доварони украиниро мавриди тафтиш қарор медиҳад

Роҳбари Ассосиатсияи Футболи Украина Шевченко доварони украиниро мавриди тафтиш қарор медиҳад

Собиқ бозигари «Челси» ва «Милан», айни ҳол президенти Ассосиатсияи Футболи Украина   (АФУ) Андрей Шевченко мехоҳад системаи тафтиши доваронро тариқи истифодаи детектори исботкунандаи дурӯғ ба роҳ монад. Дар ин бора Corriere della Sera мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки ба вазифаи президенти АФУ Шевченко моҳи январи соли ҷорӣ таъин шуда буд. Мансабдорони футболии украинӣ бо қарори якҷоя ба таъиншавии Андрей, ки номзади ягона ба вазифаи президенти АФУ буд, розигӣ доданд. Собиқ ҳамлавари «Динамо»-и Киев, «Милан» ва «Челси» шашумин президент дар таърихи Ассосиатсияи Футболи Украина гардид.

Андрей Шевченко — беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби   Украина буда, дар ҳисоби собиқ ҳамлавари «Динамо»-и Киев, «Милан» ва «Челси» 48 гол дар 111 бозӣ мебошад.